22:38 11 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
305 0 0

Гувоҳии ронандагоне,ки аксашон дар муддати 10 сол иваз нашудааст беэътибор дониста шуда,ронандагӣ бо чунин гувоҳинома қонуншиканӣ дониста шуда,ронандагон муҷозот хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо нашри як эълон аз ронандагони кишвар даъват кардааст, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин шаҳодатномаи ронандагии кӯҳнаро ба биометрӣ иваз намоянд.

Чунин талабот ба рақами қайди давлатӣ низ дахл дорад.

Ба маълумоти шаҳрвандон расонида мешавад, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013, №103 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, №306", шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар мӯҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста шуда, оид ба ҳар як далели идора кардани воситаи нақлиёт бо чунин шаҳодатномаи ронандагӣ нисбати ронандагон мутобиқи моддаи 336-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ татбиқ мегардад.

Мутобиқи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995, №196 "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" ва моддаи 71 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи нақлиёт бо боздошт ва нигаҳдории он дар истгоҳи махсус, манъ карда мешавад.

Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) мувофиқат намекунад, нисбати чунин ронандагон дар асоси моддаи 314-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо татбиқ карда мешавад.

Ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин онҳоро ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд.

Барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои иваз намудани рақами қайди давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи техникӣ ва рақами қайди давлатӣ ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист пешниҳод карда мешаванд.

Барои маълумоти бештар бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоед.

Мавзуъ

БДА ба ронандагон: аз таҷҳизоти зиддилағшиш истифода баред
Озмуни ВКД барои милиса шудани ятимони кулли тоҷику хориҷ
ВКД: аз ақиби “WannaCry” вируси “Petya” ҳуҷум мекунад
Барчаспҳо:
шаҳодатномаи ронандагӣ, ВКД-и Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ