Узбакистон ҷадвали парвозҳои Тошканд-Душанберо тағйир дод

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкТабло с информацией о вылетах
Табло с информацией о вылетах - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Парвозҳо аз 2 то 30 сентябри соли равон рӯзҳои шанбе тариқи ҳавопаймоҳи А320 сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ширкати миллии ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йуллари" ҷадвали парвозҳои хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошкандро тағйир дод.

Дар ин бора равобити умумии ширкати ҳавопаймоӣ хабар медиҳад.

Самолет узбекских авиалиний, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Билетҳои арзон: чигуна Узбакистон ҷаҳонгардонро ҷалб мекунад

Парвозҳо аз 2 то 30 сентябри соли равон рӯзҳои шанбе тариқи ҳавопаймоҳои А320 сурат мегирад

То ин дам хатсайри НY 717 Тошканд-Душанбе соати 11.25 ва хатсайри НY 718 Душанбе-Тошканд соати 13.40 бо вақти маҳаллӣ сафар мекард.

Айни замон ин хатсайр рӯзҳои сешанбе аз соати 7.35 аз Тошканд роҳандозӣ мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки авохири соли гузашта, намояндагони нақлиёти Тоҷикистон ва Узбакистон оиди роҳандозии алоқаи ҳавоӣ ба мувовиқа расиданд.

Мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишвари ҳамсоя бо оғоз шудани ҷанг дар Тоҷикистон дар соли 1992 қатъ карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0