"Сомон Эйр" ба IATA пайваст

© Фото : Пресс-служба Сомон ЭйрАвиакомпания «Сомон Эйр» получила 11 октября 2017 года сертификат о вступлении в членство Международной ассоциации воздушного транспорта
Авиакомпания «Сомон Эйр» получила 11 октября 2017 года сертификат о вступлении в членство Международной ассоциации воздушного транспорта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати мусофирбарии ҳавоии "Сомон Эйр" узви Анҷумани байналмилалии таробарии ҳавоӣ (IATA) шуд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ширкати "Сомон Эйр" гувоҳиномаи узвият дар IATA-ро дарёфт кард, гузориш медиҳад равобити умумии ширкати тоҷикӣ.

Маросими дарёфти ин гувоҳинома 11 октябр дар Душанбе бо ширкати намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, ширкатҳои хориҷии мустақар дар пойтахти кишвар баргузор шуд.

"Амнияти мусофирон муҳимтарин омил барои Сомон Эйр аст. Мо то кунун ду гувоҳиномаи бозрасии эминии амалиётии IOSA-ро дарёфт кардаем, ки муҳимтарин шарти узвият дар ин Анҷуман аст", — гуфт дар суханронияш мудири кулли ширкати "Сомон Эйр" Томас В. Ҳаллам.

Самолет Сомон Эйр с Дильшодом Назаровым на борту приземлился в аэропорту Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон
“Сомон Эйр” дубора соҳиби сертификати байналмилалии IOSA шуд

Аз пайвастан ба IATA "Сомон Эйр" ин имтиёзҳоро дарёфт мекунад, ки аз ин пас метавонад бо ширкатҳои бузурги ҷаҳон қарордоди мусофирбарии миёнхаттӣ (interline agreement) ва қарордоди намоди муштарак (Codeshare agreement) имзо кунад.

Яке аз раҳбарони ширкати "Сомон Эйр" — Суҳроб Ҷӯраев дар бора ба Sputnik гуфт, "узвият дар IATA барои мусофирон осонии сабти ному бор ва хариди билет аз ҳар узви ин Анҷуман барои парвоз ба ҳар гӯшаву канори ҷаҳонро имконпазир мегардонад".

"Ширкат низ аз узвият дар IATA ин имтиёзро ба даст меорад, ки обрӯяш дар миёни ширкатҳои мусофирбарӣ бештар ва ба табъ имкони ҳамкорӣ дар мусофирбарии миёнхаттӣ ва ҳамнамодӣ барояш афзоиш меёбад", — афзуд вай.

Анҷумани байналмилалии таробарии ҳавоӣ (IATA) соли 1945 бунёдгузорӣ шуда ва ҳамакнун 260 ширкати ҳавопаймоиро дар бар мегирад ва 83 дарсад аз таробарии ҳавоии ҷаҳониро дар даст дорад.    

Лентаи хабарҳо
0