15:30 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Водительское удостоверение нового образца, архивное фото

БДА: гувоҳиномаҳои ронандагии "кӯҳна" беэътибор мешаванд

© Sputnik / Максим Блинов
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
50901

Ронанадагоне, ки шаҳодатномаҳояшон намунаи кӯҳна аст ва воситаи нақлиётро бо рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора мекунанд, бояд то 1-уми декабр шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ ба даст оранд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон мерасонад, ки гувоҳиномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар муҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста мешаванд.

Тавре Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, нисбат ба ронанда муҷозоти дар моддаи 314 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда татбиқ карда мешавад.

Ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки то 1 декабри соли равон ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд.

"Шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд", — гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.

Барчаспҳо:
шаҳодатномаи ронандагӣ, вазорати умури дохила, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ