01:41 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
В России начали выдавать водительские удостоверения нового образца

БДА ба ронандаҳо: таваҷҷуҳ, барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ 3 рӯз монд

© Sputnik / Максим Блинов
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
738 0 0

БДА ВКД ба ронандагон тавсия медиҳад, ки то 1 декабри соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои худро иваз намоянд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуотии ВУД,  раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагони воситаи нақлиёт хотиррасон менамояд, кибарои иваз намудани шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ 3 рӯз боқӣ мондааст.

Бинобар ин БДА ВКД ба ронандагон тавсия медиҳад, ки то 1 декабри соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои худро иваз намоянд.

Бино бар додаҳои взорат, барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои ивази рақами давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва рақами қайди давлатӣ ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист пешниҳод карда мешаванд.

Тибқи нархномаи хизматрасониҳо, ки бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, нархи ивази шаҳодатномаи ронандагӣ ва аломати қайди давлатии воситаи нақлиёт чунин аст:
Барои ивази шаҳодатномаи ронандагӣ
— бланкаи шаҳодатнома — 248 сомонӣ;
— талони қайди қоидавайронкунӣ —19 сомонӣ;
— маълумотномаи тиббӣ — 70 сомонӣ.
Ҷамъ-337 сомонӣ.
Барои ивази рақами қайди давлатӣ
— рақами қайди давлатӣ — 210 сомонӣ;
— шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт — 210 сомонӣ;
— азназаргузаронии воситаи нақлиёт — 6 сомонӣ.
Ҷамъ — 426 сомонӣ.

"Тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми марти соли 2013 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ шаҳодатномаҳои ронандагие, ки расми соҳиби он дар муҳлати 10 соли тақвимӣ иваз карда нашудааст, беэътибор дониста, ҳар як далели идора кардани воситаҳои нақлиёт бо шаҳодатномаи ронандагии беэътибордонисташуда, воситаи нақлиёт бе гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ тибқи тартиби муқарраргардида боздошт ва ронанда мутобиқи моддаи 338 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешавад. Барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатӣ, ки ба намунаи стандарти муқарраршудаи давлатӣ мувофиқат намекунад, нисбат ба ронанда муҷозоти дар моддаи 314 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда татбиқ карда мешавад",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд.

Барчаспҳо:
шаҳодатнома, ронанда, БДА, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ