Қарори Р. Эмомалӣ дар бораи қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт

© Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустам Эмомалӣ дар бораи қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми баргузории Шоу - барномаи идона ба муносибати Соли нави 2018 қарор баровардааст

ДУШАНБЕ, 27 дек- Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии шаҳрдорӣ хабар дода шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе, Рустам Эмомалӣ дар бораи қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми баргузории Шоу — барномаи идона ба муносибати Соли нави 2018 қарор баровардааст.

"Ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар хиёбони Рӯдакӣ 31 декабри соли 2017 аз соати 1930 то 2200 тибқи нақшаи замимагардида манъ карда шавад", — омадааст дар қарори шаҳрдор.

Дар ин росто Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе вазифадор шудааст, ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории чорабиниҳои идона ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои мушаххаси мақсаднок роҳандозӣ намояд.

Лентаи хабарҳо
0