07:50 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон омода аст парвозҳои мустақимро аз Душанбе ба Ереван дубора роҳандозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон барои роҳандозии дубораи парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Ереван ҳама иқдомоти лозимро анҷом додааст.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ муваззаф шудааст иттилоъоти лозимро бо ниҳодҳои масъули арманӣ табодул кунад.

Ёдоварӣ мекунем, ки Тоҷикистон ва Арманистон барои барқарор кардани парвозҳои мустақим миёни пойтахтҳои ду кишвар дар раванди сафари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Ереван дар моҳи июни соли 2017 ба тавофуқ расида буданд.

Чанде пеш Узбакистон ба Тоҷикистон пешниҳод кард миёни Самарқанду Бухоро ва Душанбе парвозҳои мустақим роҳандозӣ карда шаванд. 

Тоҷикистон ҳамакнун ин пешниҳодро баррасӣ дорад.

Гуфтанист, парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Тошканд пас аз 25 сол — 11-уми апрели соли 2017 барқарор шуданд.

Мавзуъ

Узбакистон: Тоҷикистон бо Самарқанд ва Бухоро низ парвозҳоро барқарор кунад
"Тоҷик Эйр" парвозҳо ба Чинро аз сар мегирад
Душанбе - Боку: парвози мустақим ва ҳамкорӣ дар заминаи тавлиди алюминий
Барчаспҳо:
роҳандозии парвоз, Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон, Арманистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ