Оё Ҷоми ҷаҳонии футбол имрӯз ба Тоҷикистон мерасад?

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкСамолет во время посадки в сложных метеоусловиях, архивное фото
Самолет во время посадки в сложных метеоусловиях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меғолудии ҳаво имкон надод, ки ҳавопаймо дар Бишкек фурӯд ояд ва он ба Алма-Ато рафт

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ҳавопаймое, ки ҷоми Қаҳрамонии ҷаҳонии футболро ба пойтахти Қирғизистон мебурд, ба иллати меғолуд будани ҳаво натавонист дар Бишкек фурӯд ояд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин ҳавопаймо бояд имрӯз субҳ дар шаҳри Бишкек фурӯд меомад ва ҷоми Қаҳрамонии ҷаҳонии футболро соати 10.30 дар меҳмонхонаи Hyatt ба намоиш мегузоштанд.

Чемпион мира и Европы, двукратный победитель Лиги чемпионов УЕФА, полузащитник сборной Франции Кристиан Карамбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кристиан Карамбе Ҷоми ҷаҳонии футболро ба Тоҷикистон мебарад

Аммо меғолудии ҳаво имкон надод, ки ҳавопаймо дар Бишкек фурӯд ояд ва ночор ба Алма-Ато рафт. Ҷолиб аст, ки пеш аз ин ҷомро ба Алма-Ато оварда буданд, аммо он ҷо низ ҳавопаймо ба иллати меғолудии ҳаво натавонист сари вақт фурӯд ояд ва маҷбур шуда буд ба фурӯдгоҳи Бишкек биравад.  

Оғози намоиши ҷоизаи Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2018 дар Бишкек ба дигар замон вогузор шудааст. Гуфта мешавад, ки ҷомро дар ин шаҳр танҳо 2 — 3 соат намоиш хоханд дод. Сипас онро ба пойтахти Тоҷикистон хоҳанд бурд.

Қарор бар ин буд, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол дар чорчӯби барномаи "World Cup Trophy Tour" 5-уми феврал ба Душанбе оварда шавад.

Ин фурсатест барои дӯстдорони футбол, ки ин номдортарин ҷоизаро худ ббинанд ва агар бахташон баландӣ кунад, бо он акс бигиранд.

Ҷоми футболи ҷаҳон ҷоизаи аслиест, ки ба қаҳрамони футболи ҷаҳон дода мешавад, вале дар ихтиёри ФИФА мемонад. Ҷом аз тиллои холис сохта шудаааст ва 6,175 кг вазн дорад. Он аз ду пайкари инсонӣ иборат аст, ки кураи Заминро болои дастҳояшон бардоштаанд. Чунин намуд аз Ҷоми расмии ФИФА соли 1974 марсум шудааст.

Ҷоми ҷаҳонии футбол имсол аз 14 июн то 15 июл дар Русия баргузор хоҳад шуд. Русия нахустин бор дар торихаш мизбони қаҳрамонии ҷаҳонии футбол хоҳад шуд.

Иттилоъот дар бораи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русияро метавон дар тарҳи вижаи FIFA-2018 пайдо кард.

Лентаи хабарҳо
0