09:32 23 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.13
  • EUR10.63
  • RUB0.14
Перевозка новых иномарок, архивное фото

Нав биёру имтиёз бигир: худравҳои нав аз пардохти молиёт озод мешаванд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
160 0 0

Ҳукумати Тоҷикистон ширкатҳоеро, ки худравҳои навро ворид мекунанд, аз пардохти 50 дарсад аз молиёт бар арзиши афзуда озод мекунад

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раиси Кумитаи молиёти Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода гуфта, ки давлат барои воридоти худравҳое, ки то як сол пеш сохта шудаанд, ширкатҳоро аз пардохти 50 дарсад аз молиёт бар арзиши афзуда озод мекунад.

Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, Нусратулло Давлатзода гуфта, ки ин иқдом бо ибтикори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта ва Маҷлиси намояндагон 7 феврал Қонуни молиётро ислоҳ карда ва дар ин бора тағйирот дар он ворид кардааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш қарореро тасвиб кард, ки бар асоси он воридоти худравҳое, ки то соли 2005 сохта шудаанд, аз 15 феврал мамнуъ мешавад. Пештар гуфта мешуд, ки Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 воридоти худравҳои кӯҳнаро мамнуъ мекунад.

Хадамоти гумрук ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки аз ин пас худравҳои воридотиро бар асоси ин қарори Ҳукумати ҶТ тархису сабт кунанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки 25 феврал Саидусмон Судуров, масъули бахши назорат бар баҳрагирӣ ва ҳимоят аз ҳаво дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ, аз иқдоми нави ҳукумати кишвар хабар дода буд.

Мавзуъ

Тоҷикистон вуруди худравҳои кӯҳнаро аз 15 феврал мамнуъ кард
BMWX5: шаш худрави гаронбаҳо ба Тоҷикистон нарасида боздошт шуданд
Вуруд мамнуъ: Тоҷикистон марзашро ба рӯи худравҳои кӯҳна мебандад
Барчаспҳо:
имтиёз, воридот, худрав, Кумитаи молиёти Ҳукумати Тоҷикистон, Нусратулло Давлатзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ