Узбакистон седан ва кроссоверҳои “Ravon”-ро ба бозори Русия равон мекунад

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкАвтомобиль Ravon R4, архивное фото
Автомобиль Ravon R4, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати худравсозии узбакии “Ravon” имсол ду худрави нав – седани R4 ва нахустин кроссоверашро ба бозори Русия равон мекунад

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Узбакистон дар назар дорад имсол чанд худрави навсохташро ба бозори Русия пешниҳод кунад, хабар додааст вебгоҳи Колеса.ру.

Бино бар иттилоъоти муқаддамотӣ, ширкати худравсозии узбакии “Ravon” имсол седани R4-ро, ки “чеҳрапардозӣ” ва зеботар шуда, бо номи Cobalt ба бозори Русия пешниҳод кунад. Ин модел порсол дар миёни худравҳои ин ширкати узбакӣ севумин худрави пурфурӯш дар Русия будааст.

Гуфта мешавад, ки худрав комилан дигаргун шуда ва чароғҳои пешаш ҳамроҳ бо рӯкашу сипар тарҳи уфуқӣ ва клосик ба худ гирифтаанд. Пушти худрав низ ҳамроҳ бо сарпӯши бордон, чароғҳо ва сипар зеботар тарроҳӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки Ravon ҳамчунин як седани нави клоси С ва нахустин кроссоверашро ба бозори Русия равон мекунад.

Ин ширкат порсол дар бозори Русия 15 078 худравашро фурӯхта, ки 733 дарсад бештар аз перорсол аст. Пурфурӯштарин модели Ravon худрави Nexia буд, ки 5 833 харидор онро интихоб кардаанд.

Ширкати худравсозии узбакии “Ravon” ҳамакнун дар бозори Русия седанҳои Gentra, Nexia ва R4 (модели чещрапардохтаи Chevrolet Cobalt) ва ҳетчбеки R2 (ҳамтои модели пешини Chevrolet Spark)-ро мефурӯшад.

Лентаи хабарҳо
0