23:31 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
293 0 0

Марҳилаи аввали Маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи гардишгарӣ бо 50 адад мошинҳои сабукрав зери бренди "Рахш таксӣ" таъсис дода шудааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik.  Бо ибтикори Кумитаи гардишгрии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҶДММ "Сайёҳон" ва таҳти сарпарастии Федератсияи футболи Тоҷикистон марҳилаи аввали Маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо 50 адад мошинҳои сабукрав зери бренди "Рахш таксӣ" таъсис дода шудааст.

Дар ин бора расонаҳои расмӣ хабар медиҳанд.

Дар маросими ифтитоҳи марказ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода гуфтааст, ки "нақлиёт қисми муҳими хизматрасонии гардишгарӣ мебошад. Аҳмияти умдаи Маркази мазкур дар он аст, ки сайёҳон аз истифодаи сифатноки хизматрасонии нақлиётӣ бархурдор мегарданд. Инчунин имконият ва захираҳои сайёҳии мамлакат тавассути расмҳои ҷолиб, ки дар қисми берунии мошинҳо ҷой дода шудаанд, таблиғ карда мешаванд".

Ба гуфтаи раиси Кумита, марҳилаи дуюми марказ дар ҳоли омодашавӣ қарор дорад.

Ҳамчунин ба муносибати ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони  "Қадамҳои устувор дар рушди хизматрасониҳои сайёҳӣ" ҳамоиш баргузор гардидааст.

Дар ҳамоиш зикр шуд ки аз ҷониби Кумита дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд вобаста ба таҳияи замимаҳои мобилӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаи интернет, аз ҷумла, ба низоми интернетии Google, рушди тиҷоратикунонии соҳаи ҳунармандӣ ва таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ озмун эълон карда шудааст.

Мақсади озмуни мазкур мусоидат ба мутахассисони ҷавон дар таҳияи лоиҳаҳо ва кашфи ғояҳои инноватсионӣ дар рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳамоиш роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, устодон ва донишҷӯёни фаъоли риштаи сайёҳии макотиби таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ширкат кардаанд. 

Барчаспҳо:
рушди гардишгарӣ, "Рахш таксӣ", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ