БДА рӯйхати ронандагони тағодорро ошкор кард

© Sputnik / Амир ИсаевАвтомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото
Автомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати ронандагонеро, ки зери номҳои "муҳофизгарони баландпоя"-и худ пинҳон мешуданду талаботи кормаондони БДА-ро иҷро намекарданд, ошкор кард

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Таи ду рӯз дар Душанбе барои риоя накардани талаботи бехатарии роҳ даҳ ронанда боздошт шуд, хабар медиҳад оҷонсии хабарии ТоҷикТА.

"Танҳо дар давоми рӯзҳои охир дар Душанбе барои риоя накардани талаботи кормандони бозрасии автомобилӣ даҳ нафар ронанда боздошт шуд", — иттилоъ медиҳад намояндагӣ бо истинод ба сомонаи расмии пулиси пойтахт.

Тибқи иттилоъи манбаъ, ронандаҳое, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро вайрон мекунанд, аксаран барои  аз масъулият сартобӣ кардан, бо такя ба  номҳои хешутабори баландпояи худ, аз ҷавобгарӣ мегурезанд.

ВКД Тоҷикистон тасмим гирифтааст номҳои чунин ронандагонро оммавӣ карда, рӯйхати онҳоро дар сомонаи худ нашр намоянд.

Пештар гузориш дода шуд, ки дар Узбакистон тасмим гирифтаанд, то аксҳои ронандагони дастгиршудаеро, ки дар ҳолати мастӣ автомобил рондаанд, нашр намоянд. Дар сомонаи расмии ИАКД Тошканд рӯйхати қонуншиканҳо бо аксҳояшон оварда шудаанд.

Қайд карда мешавад, ки танҳо дар як рӯзи 17-уми декабр 3982 қонуншиканӣ аз тарафи ронандагон ошкор карда шуд. 27 нафар автомобилҳояшонро дар ҳолати мастӣ идора мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0