Нашри рӯйхати ронандагони ҷаримагурез дар ВКД

© SputnikТранспорт в Душанбе
Транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз кардаву маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар як сокини сокини шаҳри Душанбе, Ҷомиев Зайниддин бо худрави "Опел-Астра" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 115 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нашри рӯйхати ронандаҳои фирорӣ ва сархуш дар Душанбе

"Опел-Астра"-и мутаалиқ ба сокини шаҳри Душанбе Ғуломов Қудратулло 62 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кардааст. Дар ин рӯйхат дар мақоми сеюм аз рӯи нақзи қоида ронандаи худрави "Опел-Астра"-и Зайналобидинов Насриддин сокини шаҳри Душанбе номбар шудааст. Ӯ 60 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Дар миёни ронандагони ҷаримагурез ду ронандаи зан ҳам номбар шудааст. Инҳо Зоғакова Ҷамила сокини шаҳри Душанбе бо худрави тамғаи "Тойота-Королла" ва Қобилова Мунира бо худрави "Лексус" мебошанд. Онҳо 20 бор қоидаи ҳаракат дар роҳро нақз кардаанд.

Дар умум Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати 19 ронандаи ҷаримагурезро нашр кардааст.

Пештар хабар дода будем, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду донишҷӯеро ошкор карда, ки бо худрави хусусӣ ба донишгоҳ ҳозир шуданд.

Ёдоварӣ мекунем, ки бар асоси ислоҳоте, ки чанде пеш дар Қонуни танзими ҷашну маросим ворид карда шудаанд, рафту омади донишомӯзону донишҷӯён ба мактабу донишгоҳҳо бо худрави хусусӣ қатъан мамнуъ аст.

Барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз донишгоҳҳо барои се сол ва донишомӯзони омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо ва мактабҳо барои як сол аз муассисаҳои омӯзишӣ ихроҷ карда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0