03:11 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Ширкатҳои оҳанроҳии Русия ва Қазоқистон тарҳи роҳгузари таробарии “Евразия”-ро тарроҳӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ширкатҳои таробарии “Роҳи оҳани Русия” (РЖД) ва “Роҳи оҳани Қазоқистон” ёддошти тафоҳуми тарроҳии роҳгузари таробарии саросарии уросиёии “Евразия”-ро имзо карданд, хабар медиҳад РЖД.

“Раиси ҳайъати мудираи ширкати “Роҳи оҳани Русия” Олег Белозеров ва раиси ширкати “Роҳи оҳани Қазоқистон” Қанат Алписбоев ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар тарроҳии роҳгузари таробарии оҳанроҳи шитобрави “Евразия”-ро имзо карданд”, —  гуфта мешавад дар ин хабар.

Бар асоси ин ёддошти тафоҳум ду ширкат қарор додаанд, ки дар заминаи тарроҳӣ ва роҳандозии ҳамлу нақли мусофиру бор бо қаторҳои шитобрав, аз ҷумла таробарии мусофиру бор миёни Чин ва Урупо, ҳамкорӣ кунанд.

Ширкатҳои таробарии оҳанроҳии Русия ва Қазоқистон ҳамчунин бо ширкати “Роҳи оҳани Чин” гузинаҳои гуногуни бунгоҳҳои ҷойгузинсозии осаҳои қаторҳои шитобравро баррасӣ хоҳанд кард, ки дар масирҳои Маскав – Қазон – Екатеринбург – Челябинск – Петропавловск – Кӯкчатов – Остона – Қарағанда – Балхаш – Қапчағай – Олтинкӯл ҳаракат мекунанд.

Ширкатҳои оҳанроҳии Русия ва Қазоқистон ҳамчунин қасд доранд дар омодасозии санаду мадракҳои қонунии роҳандозӣ ва баҳрабардорӣ аз роҳгузарҳои таробарии шитобрав ҳамкорӣ кунанд.

Барчаспҳо:
қаторҳои шитобрав, таробарӣ, оҳанроҳ, роҳгузари таробарӣ, Роҳи оҳани Қазоқистон, Роҳи оҳани Русия, Қазоқистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ