"Сомон эйр" нархи парвозро ба муносибати Рӯзи модарон арзон кард

CC BY-SA 2.0 / Lars Steffens / Boeing 737 Somon AirБоинг 737 авиакомпании "Сомон Эйр", архивное фото
Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба муносибати Рӯзи Модарон, ки ҳамасола 8 март таҷлил мегардад ба ҳамаи парвозҳо тахфиф эълом кардааст

ДУШАНБЕ, 1 мар— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ин ниҳод, ширкати "Сомон эйр" нархи парвозҳоро ба муносибати Рӯзи модарон арзон кард.

"Ба муносибати Рӯзи модарон ширкати "Сомон Эйр" барои кулли мусофироне, ки аз 1 то 8 март чиптаи ҳавопайморо аз фурӯшгоҳи воқеъ дар кӯчаи М.Мастонгулов, 40-и шаҳри Душанбе харидорӣ менамоянд, дар ҳамаи хатсайрҳо 8% тахфиф пешниҳод мекунад", —омадааст дар хабарнома.

Дар айни замон "Сомон Эйр", ки аз моҳи сентябри соли гузашта узви ИАТА мебошад, парвозҳоро аз Тоҷикистон ба самти Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Русия ва Қазоқистон анҷом медиҳад.

Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737 – 300, —800 ва —900 иборат мебошад.

Пештар хабар дода шуд, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" кӯдаконеро, ки ба амалиётҳои вазнини ҷарроҳӣ ниёз доранд, аз Тоҷикистон ба Олмон бурдааст.

Лентаи хабарҳо
0