Таҳдиди Русия ба Тоҷикистон барои парвозҳои ширкати "Уралские авиалинии"

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузариш ба медиабонкСамолет компании "Уральские авиалинии", архивное фото
Самолет компании Уральские авиалинии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилоъи намояндаи Вазорати нақлиёти Русия, ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳӣ ба парвозҳои ширкати "Хатсайрҳои Урал" дар масири Перм - Душанбе иҷоза надодааст

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Вазорати нақлиёти Русия ба Тоҷикистон дар робита ба таъйид накардани парвозҳо бо як қатор масирҳои ширкати "Хатсайрҳои Урал" бо тадбирҳои ҷавобӣ таҳдид мекунад.

"Дар сурати адами таъйиди барномаи парвоз, Русия метавонад ҳомили Тоҷикистонро ҷавоб диҳад", — гуфт намояндаи Вазорати нақлиёти Русия.

Ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ба "Сомон Эйр" иҷозаи парвоз ба чор шаҳри Русия дода шуд

Ёдовар мешавем, ки ба наздикӣ ҷониби Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Урал"-ро ба як қатор масирҳо аз шаҳрҳои Русия ба шаҳрҳои Тоҷикистон таъйид накард.

Ба гуфти намояндаи Вазорати нақлиёт, ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳӣ ба парвозҳои ширкати "Хатсайрҳои Урал" дар масири Перм-Душанбе иҷоза надодааст, ва дархостҳо барои парвози хатсайрҳои Краснодар — Хуҷанд, Челябинск — Душанбе ва Жуковский — Кулоб бетағйир мондаанд.

Ёддовар мешавем, ки дар поёни соли 2016, пас аз он ки мақомоти ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии "Ямал" иҷозати парвозро ба ҷумҳурӣ аз фурудгоҳи Жуковский надод, Вазорати нақлиёти Русия парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр"-и Тоҷикистонро ба чаҳор шаҳри Русия аз таърихи 23 декабри ҳамон сол якҷониба қатъ карда буд.

Дар навбати худ Тоҷикистон эълон карда буд, ки парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати "Хатсайрҳои Урал" қатъ карда шудааст, вале баъдан маълум шуд, ки ширкати ҳавопаймоӣ бетағйир бо парвозҳои худ идома медиҳаду, манъи парвозҳо умуман вуҷуд надорад. Барои ҳалли ихтилофот Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳамкорони русиягии худро ба Душанбе даъват карда буд, то дар якҷоягӣ барномаи ҳаракати нақлиёти ҳавоиро баррасӣ намоянд.

Дар навбати худ вазири нақлиёти Русия Максим Соколов Тоҷикистонро боварӣ кунонд, ки ҷониби Русия намехоҳад муноқиша ба шиддат афзоиш ёбад, ва омода аст ҳар лаҳза ба гуфтушунид оғоз намояд, ба шарте ки Тоҷикистон тамоми ӯҳдадориҳои имзокардаашро дар мавриди алоқаи ҳавоӣ иҷро кунад.

Лентаи хабарҳо
0