Тоҷикистон ва Узбакистон рафтуомад бо автобусро роҳандозӣ мекунанд

© Sputnik / Владимир ПесняАвтобус на трассе
Автобус на трассе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чаҳор масири мусофирбарии автобусӣ шаҳрҳои Тоҷикистон ва Узбакистонро бо якдигар хоҳанд пайваст

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Тоҷикистон ва Узбакистон дар назар доранд рафтуомад бо автобусҳо миёни шаҳрҳои бузурги ду кишварро аз нав роҳандозӣ кунанд, гузориш медиҳад Sputnik Узбакистон.

"Мо дар назар дорем аз имсол ҳаракати автобусҳоро дар масирҳои Тирмиз – Душанбе, Тошканд – Хуҷанд, Фарғона – Хуҷанд ва Самарқанд – Панҷиканд ва чанде дигар роҳандозӣ кунем", — гуфт Шоолим Шоваҳобов, муовини ширкати давлатии таробарии Узбакистон.

Бухара - одно из популярнейших туристических мест - Sputnik Тоҷикистон
Салом Бухоро!: нахустин худравҳои Тоҷикистон вориди Узбакистон шуданд

Ин тавофуқ дар паи имзои созишномаи роҳандозии рафту омади заминии байналмилалӣ миёни Душанбе ва Тошканд дар нахустин сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҳосил шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Тоҷикистон ва Узбакистон дар апрели соли 2017 парвозҳо миёни пойтахтҳои ду кишварро дубора роҳандозӣ карданд. Ин иттифоқ пас аз 25 сол аз охирин парвоз миёни Тошканд ва Душанбе рух дод.

Дар пайи сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 9 – 10 март қарор шуд, ки парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанду Бухоро пас аз 26 сол аз сар гирифта шавад.

Лентаи хабарҳо
0