Парвозҳои баланд: ширкати “Сомон Эйр” ҳавопаймоҳои нав мехарад

© Официальный сайт / Гузариш ба медиабонкСамолет авиакомпании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳавопаймоҳои тамғаи “Embraer Е-190 Е2” бо насби курсиҳо барои 100 ҷойи нишаст ба “Сомон Эйр” имкон медиҳад, ки ҳазинаҳои худро дар хатсайрҳо пойинтар орад

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ҳашт адад ҳавопаймои тамғаи "Embraer" харидорӣ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ширкат.

"Рӯзи душанбе, 19 марти соли 2018 роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" бо президенти ширкати ҳавопаймоии "Embraer Commercial Aviation" Ҷон Слэттери музокирот кардааст. Ҷонибҳо масъалаи хариди ҳашт адад ҳавопаймои мудерни насли нави тамғаи "Embraer Е-190 Е2"-ро аз ҷониби ширкати "Сомон Эйр", барои парвозҳои хатсайрҳои дохилӣ ва минтақавӣ, баррасӣ намуданд", — оварда шудааст дар хабарнома.

Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Сомон эйр" нархи парвозро ба муносибати Рӯзи модарон арзон кард

Илова бар ин, дар вохӯрӣ маблағгузории харид тавассути бонки содиротӣ-эътибории Бразилия ва таҳти тарҳи иҷораи молӣ, муҳокима шудааст.

Ҳавопаймоҳои тамғаи "Embraer Е-190 Е2" бо насби курсиҳо барои 100 ҷойи нишаст ба "Сомон Эйр" имкон медиҳанд, ки ҳазинаҳои худро дар хатсайрҳо барои колои тиҷории кам, пойинтар орад.

Гуфтушунидҳо бо роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар асоси барномаи давлатии рушди соҳаи ҳавопаймоии шаҳрвандии Тоҷикистон ва азнавсозии парки ин ширкати ҳавопаймоӣ, оғоз ёфта буданд.

Лентаи хабарҳо
0