17:13 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Безналичная система оплаты транспорта в Душанбе

Роҳат: ё чӣ гуна дар Душанбе аз корти нави нақлиёт бояд истифода бурд

пресс-служба президента РТ
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
160 0 0

Аз 1-уми апрел дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе корти ягонаи Cityсard амал мекунад: маблағҳои пулӣ барои сафар дигар қабул намешаванд

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар Душанбе аз 1-уми апрел музди сафар дар троллейбус ва автобусҳо бояд бо корти Cityсard пардохт шавад. Намояндагони ширкати Citycard дар саҳифаи Facebook-ии худ навиштаанд, ки чӣ гуна метавон аз кортҳои нав истифода бурд.

Акнун, замони вуруд ба автобус ё тролейбус, дигар интизор шудан лозим нест, ки кай назоратчӣ ба назди шумо меояд. Ба нақлиёт даромада, корти худро бояд ба валидатор гузошт. Дар сурати будани маблағи кофӣ барои сафар, дар табло вожаи "ташаккур" номоён мегардад, ва дар ҳолати набудани маблағи зарурӣ, ибораи — «қабул нашуд».

Низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе

Шумо корти нақлиётро метавонед қаблан аз терминалҳо ва дӯконҳо харед, ки дар истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии Душанбе, ҷойгиранд.

Барои он сокинони шаҳр, ки пайваста нақлиёти ҷамъиятиро истифода мебаранд, корти нави сафари 10 сомона баромадааст. Ба ин корт метавон маблагузорӣ кард, ки таъруфаи онро қонунгузорӣ муқаррар намудааст.

Қайд карда мешавад, ки ҳангоми маблагузории якбора дар ҳаҷми 50 сомонӣ, ба Шумо тахфифи 15%-а барои сафар дар муддати 90 рӯз пешниҳод мешавад.

Ҳамчунин дар муомилот кортҳои 4 ва 8 сафара вуҷуд доранд. Ин кортҳо муваққатянд, онҳо мутаносибан 5 ва 10 рӯз амал мекунанд, ки асосан барои меҳмонони пойтахт, пешбинӣ шудаанд.

Барои нафақахӯрон, маъюбон ва ашхоси дигаре, ки ба онҳо барои сафар дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳр имтиёз дода мешавад, дар шӯъбаҳои кумаки иҷтимоии чор ноҳияи пойтахт кортҳои махсус ироа мегардад.

Намояндагони ширкат инчунин мусофиронро махсус огоҳ мекунанд, ки ин кортҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта намешаванд, яъне, агар шумо кортро гум кунед, дигар барқарор карда наметавонед. Ҳамчунин масдуди он номумкин аст. Вале бо вуҷуди ин, вай як плюси дигар ҳам дорад — кортро метавон ба нафарони дигари аҳли оила дод.

Барои донишҷӯён дар ояндаи наздик таърифаи махсус ба роҳ монда мешавад, ки тибқи он ҳангоми маблағрезӣ ба қиммати 50 сомонӣ (якбора), тахфифи 30%-а пешниҳод мегардад. Ба қарибӣ боз як функсияи муфиди дигар низ роҳандозӣ мешавад — пардохт аз суратҳисоби телефон тавассути замимаи махсус.

Дар назар дошта шудааст, ки гузариш ба шакли электронии пардохт, пеш аз ҳама, барои худи мусофирон, аз нуқтаи назари сарфаҷӯии пулу замон, қулай аст.

Зикр меравад, ки айни замон валидаторҳо дар 285 троллейбусу автобусҳои пойтахт насб шудаанд. Истисно фақат он васоили нақлиёт аст, ки дар ояндаи наздик таъвиз хоҳанд шуд (яъне, агар автобус ё тролейбус фарсуда шуда бошад, ивазаш мекунанду ба он валидатор мечаспонанд).

Барчаспҳо:
нақлиёт, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ