14:32 27 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.16
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
77 0 0

Бозсозии ин қисамти ҷодда таробарии солонаи мардумро таъмин хоҳад кард. Сохтусози роҳ соли равон сар шуда, дар соли 2022 ба анҷом мерасад

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Тоҷикистон барои амалӣ кардани тарҳи "Сохтусози ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб" ба 115 миллион доллар ниёз дорад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон, Бонки исломии тавсеа, Сандуқи рушди иқтисодии арабии Қувайт, Сандуқи рушди Саудӣ, Санлуқи Абу-Дабӣ ва Сандуқи ОПЕК ин тарҳро тамвил хоҳанд кард.

Ҳамчунин дар амалӣ кардани тарҳ Ҳукумати Тоҷикистон низ саҳм мегузорад.

Дар чорчӯби тарҳ ҷодда вусъат хоҳад кард, дар роҳ 39 лӯълаи об гузошта мешавад, ҳамчунин сохтусози рӯдҳои бетонӣ дар ду тарафи роҳ ба тӯли 40 ҳазор метр, сохтусози зербинроҳои дифоӣ ба фосилаи 10 ҳазор метр дуто пул ва сойири сохтмонҳои зурурӣ барномарезӣ шудааст.

Ин қисми ҷодда 32 ҳазор км тӯл хоҳад дошт ва қисми аслии ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба шумор меравад.

Бозсозии ин қисмати ҷодда 32 километр тӯл хоҳад дошт ва қисми аслии ҷоддаи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ба шумор меравад. Бозсозии ин қисамти ҷодда таробарии солонаи мардумро таъмин хоҳад кард. Сохтусози роҳ соли равон сар шуда, дар соли 2022 ба анҷом хоҳад расид.

Барчаспҳо:
сохтусоз, роҳ, Вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ