Кӣ зӯртар: Душанбе парвозҳои “Уралские авиалинии” ва “ЮТэйр”-ро кам кард

© Марина МельникВид из иллюминатора пассажирского самолета, архивное фото
Вид из иллюминатора пассажирского самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар посух ба амалҳои Русия парвозҳои ширкатҳои "Уралские авиалинии" ва "ЮТэйр"-ро кам кард, ки ин тадбир дар ҷавоб ба коҳиши парвозҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" аз 5-уми апрел ба Маскав андешида шудааст

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Тоҷикистон дар посух ба амалҳои Русия парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкатҳои "Уралские авиалинии" ва "ЮТэйр"-ро кам кард, иттилоъ медиҳад оҷонсии ТоҷикТА.

"Ниҳодҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон теъдоди парвозҳои ду ширкати ҳавопаймоии Русия ("Уралские авиалинии" ва "ЮТэйр")-ро аз Маскав ба Тоҷикистон коҳиш дод. Чунин тадбир дар ҷавоб ба кам кардани парвозҳои ширкатҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" ба Маскав андешида шуд", — гуфт намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Пассажиры в самолете, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳайъати Тоҷикистон барои гуфтушуниди ҳавоӣ ба Русия сафар кард

Аз ҷумла, чор парвози ширкати "ЮТэйр" ба самти хатсайри Маскав-Душанбе ва чор парвози ширкати "Уралские авиалиний" ба самтҳои хатсайри Маскав-Душанбе ва Хуҷанд, қатъ гардиданд (ду парвозӣ ба ҳар як шаҳр).

Тибқи иттилои манбаъ, ин як иқдоми ҷавобӣ дар робита ба коҳиш додани тардиди парвозҳо аз ҷониби мақомоти ҳавопаймоии Русия нисбат ба ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ба Маскав аст.

"Шурӯъ аз 5-уми апрел панҷ ва чор парвози "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" ба фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав коҳиш дода шудааст",  — қайд намуд манбаъ.

Манбаи мазкур ҳамчунин таъкид намуд, ки 3-юми апрел ҳайати Тоҷикистон ба Маскав барои гузаронидани музокирот бо ҷониби Русия, ҷиҳати ҳалли низоъи ҳавоӣ, сафар кард.

Ба таркиби ҳайат муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода, муовини мудири оҷонсии ҳавопаймоии шаҳрвандӣ Азиз Набизода ва намояндагони ВКХ ва ВА Тоҷикистон шомиланд.

Пассажирский самолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз изҳороти ВУХ: Тоҷикистон парвозҳоро аз Бохтар ба Русия ба роҳ монд

Интизор меравад, ки музокироти дурӯза байни мақомоти ҳавопаймоҳои ду кишвар имрӯз, 4-уми апрел, оғоз хоҳад ёфт.

Пештар гузориш дода шуд, ки миёни Тоҷикистон ва Русия "ҷанги ҳавоӣ" аз нав сар гирифт. Аввал ҷониби Тоҷикистон парвозҳои чаҳор ширкати ҳавопаймоии Русияро қатъ кард, ва сонӣ Маскав — ду ширкати ҳавопаймоӣ ба 10 шаҳри Русияро.

"Ҷангҳои ҳавоӣ" дорои ҷузъҳои субъективии хоси худанд: ин манфиатҳои ширкатҳои ҳавопаймоие, ки барои ҷойҳои ҷолиб ва қобили мулоҳиза рақобат мекунанд, ва ҳадаф афзоиши рақобати минтақавӣ дар бозори хадамоти ҳавоӣ аст. Минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай яке аз бозорҳои бузургтарини ҷаҳон барои баҳрабардорӣ аз хадамоти ҳавопаймоӣ гардидааст", — шарҳ медиҳад мудири шӯъбаи Осиёи Марказии Институти кишварҳои ИДМ Андрей Грозин.

Коршинос иброз намуд, ки таи панҷ соли охир чунин мушкилот мунтазам ба вуқӯъ меоянд, ба вижа пас аз кушода шудани фурудгоҳи "Жуковский" барои парвозҳои ҳавопаймоиҳои шаҳрвандӣ.

"Зуҳури ин воҳиди зерсохти ҷадид ҳарчанд на нуқтаи шурӯъ шуда бошад, пас баҳонаи хубе  барои "ҷанги ҳавоӣ" гардидааст. Ин на танҳо бо Душанбе, балки бо Тошканд низ ҳаст", — мегӯяд оқои Грозин.

Лентаи хабарҳо
0