04:08 23 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Ҳавопаймо. Акс аз бойгонӣ

Сафарҳо бехатар ё чор хатсайри нав аз Русия ба Тоҷикистон

CC0 / Pixabay
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
16810

Ба ҷадвали парвозҳои тобистонаи Русия ва Тоҷикистон чаҳор хатсайри нав илова шуд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон баҳси ҳавоиро, ки чанде боз миёни ин кишварҳо гарм шуда буд, ҳал кард.

Ҳамин тавр ба ҷадвали парвозҳои тобистона, 4 масири нави парвоз: Перм-Душанбе, Жуковский-Кӯлоб, Челябинск-Хуҷанд ва Краснодар-Хуҷанд илова шуданд.

Бояд гуфт, ки дар умум тибқи маълуот ҳаҷми парвоз миёни Тоҷикистону Русия дар соли гузашта, то 14 дарсад зиёд шудааст.

Баҳси ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия моҳи июни соли 2016, замоне, ки ширкати "Уралские авиалинии" барои парвоз аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон иҷоза хост, оғоз шуд.

Вале комисюни Вазорати нақлиёти Русия ба ин ширкат иҷозаи парвоз надод.

Ба гуфти муовини пешини Авиатсияи шаҳрвандии Иттиҳоди Шӯравӣ, президенти Хазинаи "Партнер гражданской авиатсии"  Олег Смирнов, далели иҷоза надодан, набуди созишнома миёни Тоҷикистону Русия шудааст.

Вале ба ин нигоҳ накарда, пас аз як моҳ ҳам ширкати "Ямал" ва ҳам "Уралские авиалинии" парвози байналмилалиро ба чанд кишвар аз ҷумла ба Тоҷикистонро роҳандозӣ карданд.

Мавзуъ

Мушкил нест: "ЮТэйр" аз Маскав ба Душанбе "баланд" парвоз мекунад
Минбаъд ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Хуҷанд шабонарӯзӣ ва новобаста аз ҳаво парвоз мекунанд
Барчаспҳо:
чор парвози иловагӣ, Вазорати нақлиёт, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ