08:45 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Чорабинии БДА-и Тоҷикистон зери унвони Беҳтарин пиёдагард, 3 сентябри 2015

“Рейд” алайҳи пиёдагардон: 6,2 сомонӣ ҷарима барои қоидавайронкунӣ

© Официальный сайт МВД РТ
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
144 0 0

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, аз аввали сол 22 ҳазору 32 пиёдагардро ҷаримабандӣ намудаанд

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Нозирони роҳ дар Душанбе ҳафтаи равон алайҳи пиёдагардоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, амалиёт гузарондаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ, ҳадафи амалиёт ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш бо иштироки пиёдагардон буда, роҳгузароне, ки қоидаро вайрон карданд,  ҷаримабандӣ шуданд.  Ҳаҷми ҷаримаи пиёдагардон бар асоси моддаи 340-и Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 6 сомонию 25 дирам муқаррар шудааст.

Вазорати умури дохилӣ аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки бархе шаҳрвандон машғули бозӣ дар телефон ё бо садои баланди гушмонак мусиқӣ гӯш карда, аз ҷойе, ки мумкин нест, роҳро убур мекунанд. Ин ниҳод таъкид намудааст, ки дар бисёри ҳолатҳо пиёдагардон боиси рух додани вазъияти хавфнок ва сар задани ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ мегарданд.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, аз аввали сол 22 ҳазору 32 пиёдагардро ҷаримабандӣ намудаанд.

Барчаспҳо:
пиёдагард, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ