22:36 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Даромадгоҳи Бохтар, собиқ Қӯрғонтеппа, акс аз бойгонӣ

Бонки аврупоӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хатлон сармоягузорӣ мекунад

© Sputnik Амир Исаев
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Ҳукумат қарор кардааст, ки барои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хатлон сармояи Бонки аврупоӣ ҷалб карда шавад

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон вазири молияи кишварро муваззаф кардааст, ки аз номи Тоҷикистон созишномаи грантӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро имзо кунад.

Бар асоси қарор, грантҳои бонки аврупоӣ барои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хатлон, қабл аз ҳама дар шаҳри Бохтар равона хоҳанд шуд.

Масъули иҷрои тарҳ, муассисаи давлатии "Бохтарнақлиётхизматрасон" таъин шудааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дастур гирифтааст, ки макону замони имзои созишномаро бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мувофиқа кунад.

Ин қарор дар ҳолест, ки ахиран шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд соҳиби нақлиёти нави ҷамъиятӣ гардиданд.

Барчаспҳо:
Бонки аврупоӣ, сармоя, Бохтар, ҷамъиятӣ, нақлиёт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ