01:30 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Автобус

Чарх, чанбарак, тормоз - вайрон: боздошти автобуси мусофирбари Русия - Тоҷикистон

Межмуниципальное управление МВД России «Красноярское»
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
355 0 0

Нозирони роҳ автобуси "Мерседес"-и вайронаеро боздошт кардаанд, ки дар масири Красноярск - Тоҷикистон мусофирбарӣ мекардааст

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тибқи иттилои раёсати умури дохилии Красноярск, ронандаи автобус, ки камбудиҳои зиёди техникӣ дошт, мехост бо 18 мусофир ба Тоҷикистон равад.

"Зимни азназаргузаронӣ дар дастгоҳи идораи автобус, чархҳо, чароғакҳо ва низоми боздорӣ — тормоз камбудиҳои зиёди техникӣ ошкор шуд. Дар натиҷа автобус боздошт ва ба ҷаримагоҳ фиристода шуд", — омадааст дар иттилоияи мақомоти умури дохилии Красноярск.

 Манбаъ афзуд, ки дар пайи ташхис ва боздошти автобус санҷиши мусофирон низ нишон дод, ки 5 нафарашон ғайриқонунӣ дар Русия ҳузур доранд.

"Ду мусофир ба андозаи ду ҳазор рубл ҷарима шуда, феълан масъалаи ихроҷи се нафарашон мавриди баррасӣ қарор дорад", — таъкид кардаст манбаъ.

Боздошти автобус бо нуқсонҳои техникӣ дар ҳолест, ки вайроншавии автобусҳо дар масири Тоҷикистон — Русия ба як мушкили умда табдил ёфтааст.

Бисёри муҳоҷирон ба далели гаронии нархи чиптаи ҳавопаймо тариқи роҳҳои заминӣ мехоҳанд ба Русия сафар кунанд ё ба Ватан баргарданд, аммо дар бисёри ҳолатҳо дар нимароҳ монда, ранҷи зиёд мекашанд.

Ахиран дар интернет навори муҳоҷирони тоҷик нашр гардид, ки автобусашон вайрон шуда, дар дашти Қазоқистон сарсону саргардон мондаанд.

Барчаспҳо:
муҳоҷир, автобус, вайрон, мусофир, нақлиёт, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ