01:59 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Автобуси №8 дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Қарори шаҳрдорӣ дар бораи шеваи нави мусофирбарӣ дар Душанбе

© Фото : Иззат Латиф
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
457 0 0

Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки хизматрасонии мусофирбарӣ дар масирҳои рақами 8 ва 10 -и пойтахт пурра тариқи кортҳои электронӣ роҳандозӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, қарори мазкур аз 18 сентябри соли равон мавриди амал қарор мегирад.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  шаҳри Душанбе мерасонад, ки шурӯъ аз 18 сентябри соли 2018 дар хатсайри автобуси №8 ва троллейбуси  №10  хизматрасонӣ пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад", — омадааст дар иттилоия.

Автобуси рақами 8 дар хатсайри Фурӯдгоҳи кӯҳна — маҳаллаи Зарафшон ва троллейбуси рақами 10 дар масири маҳаллаи Обшорон — Қарияи-боло мусофирбарӣ мекунанд.

Шаҳрдорӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки кортҳои электрониро аз терминалҳои назди истгоҳҳо, нуқтаҳои фурӯш ва мағозаҳои фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас намоянд.

Барчаспҳо:
корт, пардохту поиши роҳкиро, нақлиёт, қарор, шаҳрдорӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ