19:39 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Хоруғ, акс аз бойгонӣ

Баъди супориши раисиҷумҳур: оғози "рейд"-ҳо дар Бадахшон

© Wikimedia
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
179810

Ронандагон дар масири Бадахшон мегӯянд, назорати риояи қоидаҳо дар роҳҳои вилоят пурзӯр шудааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ронандагон назорати риояи қонун ҳангоми ҳаракат дар роҳ, сиёҳ кардани шишаҳои мошин ва идораи мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ пурзӯр карда шудааст.

Шиддати назорати риояи қоидаҳои ҳаракат дар ҳолест,  ки охири ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати роҳ, махсусан дар шаҳри Хоруғ интиқод карда буд.

Ӯ изҳор дошт, ки ба қонуншиканӣ аксаран фарзандони мансабдорони Хоруғ даст мезананд ва ҳушдор дод, ки бар асоси қонунгузории кишвар хизматчиёне, ки фарзандонашон қонуни танзим ё қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намекунанд, аз мақом барканор мешаванд.

Раисиҷумҳур инчунин таъкид намуд, ки худро аз дигарон боло гузоштани бархе афрод хотима дода шавад ва ҳар нафаре қоидаро вайрон кунад, бояд ҷазо дода шавад.

"Ҳазор нафар дар шаҳри Хоруғ соҳиби нақлиёт бошад, 27 ҳазори дигар бенақлиёт аст. Чӣ, онҳоро пахш карда мегузаранд? Ҳуқуқи онҳо, озодии онҳо, амнияти онҳо чӣ мешавад?", — суол гузошт Эмомалӣ Раҳмон

Ӯ афзуд, давлат дар асоси Конститутсия вазифадор аст, ки амнияти шаҳрвандонро, тартиботи ҷамъиятиро таъмин намояд ва аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони БДА хост, вазифаҳои хидматиятонро иҷро кунанду тартибот дар роҳро таъмин намоянд.

Барчаспҳо:
тартиботи ҷамъиятӣ, ҷазо, қоидавайронкунӣ, нақлиёт, ҷарима, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ