05:06 26 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.50
  • RUB0.15
Садамаи автобуси мусофирбар, акс аз бойгонӣ

Автобуси мусофирбари ҳомили даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон чаппа шуд (ВИДЕО)

© Sputnik / Валерий Титиевский
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
1299 0 0

Мақомоти додситонии минтақаи Алтай дар пайи чаппа шудани автобуси ҳомили даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ноҳияи Мамантовск санҷиши густурдаи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳои минтақаро оғоз кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Додситонӣ изҳор доштааст, ки аз ҷумла риояи қоидаҳо дар мавриди мумфарши роҳҳо, ҷобаҷогузории аломатҳо ва дигар омилҳоеро, ки метавонанд боиси сар задани садама гарданд, санҷида мешаванд. 

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишотии Русия, автобуси мазкур ҳомили 42 мусофир буда, дар пайи садама 15 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли мақомоти минтақа навиштаанд, ки мусофирон, аз ҷумла маҷруҳшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳодиса тақрибан соати 2-и шаби якшанбе ба душанбе дар километри 102-юми роҳи Павловск — Ребриха — Буканское рух додааст.

Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, бар асоси фарзияи аввал ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Манбаъ таъкид намудааст, ки инчунин ширкати мусофирбар ва соҳибони онро низ мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран нозирони роҳ дар Русия автобуси "Мерседес"-и вайронаеро боздошт кардаанд, ки дар масири Красноярск — Тоҷикистон мусофирбарӣ мекардааст

Бисёри муҳоҷирони тоҷик ба далели гаронии нархи чиптаи ҳавопаймо тариқи роҳҳои заминӣ мехоҳанд ба Русия сафар кунанд ё ба Ватан баргарданд, аммо дар бисёри ҳолатҳо дар нимароҳ монда, ранҷи зиёд мекашанд.

Ахиран дар интернет навори муҳоҷирони тоҷик нашр гардид, ки автобусашон вайрон шуда, дар дашти Қазоқистон сарсону саргардон мондаанд.

Барчаспҳо:
автобус, садама, мусофирон, ҷароҳат, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ