08:51 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Мошин дар роҳ, акс аз бойгонӣ

Бозор: тоҷикон мошини калону қимат ва узбакҳо хурду каммасраф мехаранд

CC0 / Pixabay
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
67210

Таҳлили пойгоҳҳои интернетии фурӯши воситаҳои нақлиёт дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян намудааст, ки узбакистониҳо ба мошинҳои хурду каммасраф ва тоҷикистониҳо ба калону қимат таваҷҷуҳ доранд

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Бар асоси таҳлили бозори интернетии мошинҳо, маълум шудааст, ки харидорон дар Тоҷикистон ба мошинҳои нисбатан калон ва қимат майл доранд, иттилоъ дод пойгоҳи хабарии “Kaktakto”.

Ба иттилои манбаъ навъи мошинҳои “Merсedes С”, “Opel Astra”, “Daewoo Matiz”, “BMW 5” ва “Toyota Camry” ба серхаридортарин дар Тоҷикистон шомил шудаанд.

Дар Қазоқистон, ки ҳудуди 50 навъи худравҳо тавлид мешаванд, мошини нисбатан маъруф  “Toyota Camry” будааст. Дар пайи он “Lada Granta”, “Hyndai Tucson”, “Lada 4×4” ва “Lada Largus” қарор доранд.

Қирғизистон истеҳсоли худии худравҳоро надорад, аммо нархи мошин дар ин ҷо нисбати кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ арзонтар арзёбӣ мешавад. Ба панҷгонаи худравҳои маъруфи Қирғизистон “Toyota Camry”, “Lexus серии RX”, “Merсedes E”, “Honda CR-V” ва “Nissan Qashqai” шомил гардидаанд.

Сокинони Узбакистон бошанд, бештар ба мошинҳои хурди каммасраф майл доранд, ки он ба имконоти харидорон, пешниҳод дар бозор ва хусусияти роҳҳои ин кишвар рабт дода шудааст.  Ба худравҳои нисбатан маъруф дар Узбакистон “Chevrole Spark”, “Chevrolet Lacetti”, “Chevrolet Nexia”, “Chevrolet Matiz” ва “Chevrolet Cobalt” шомил гардидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ