17:52 16 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.92
  • RUB0.14
Ҳавопаймои Тоҷик Эйр, акс аз бойгонӣ

Қарор бо имзои Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷик Эйр” дастгирӣ ва навсозӣ мешавад

пресс-служба "Таджик Эйр"
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
1109 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат барномаи 5-солаи дастгирӣ ва навсозии ширкати “Тоҷик Эйр”-ро қабул кардааст

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Тибқи барномаи дастгирии “Тоҷик Эйр” барои солҳои 2018 – 2023, ки бо имзои раисиҷумҳур охири моҳи сентябр қабул гардид,  ҳадафи барнома беҳбуди шароити корӣ, навсозию таҳкими вазъи техникӣ - моддӣ ва таъмини фаъолияти муътадилу самараноки ширкат мебошад.

Феълан муассис ва молики сад фоизи саҳмияҳои “Тоҷик Эйр” Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.  ҶСК “Тоҷик Эйр”, ки арзиши оинномавии саҳмияҳояш 230 миллиону 145 ҳазор сомонӣ мебошад, ба 230 ҳазору 145 саҳмия бо нархи 1000 сомонӣ ҳар донаи он тақсим шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон,  Агентии авиатсияи гражданӣ, Вазоратҳо молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти зиддиинҳисориро муваззаф кардааст, ки барномаи дастгирии “Тоҷик Эйр”-ро саривақт иҷро кунанд ва ҳар шашмоҳа ба Ҳукумат гузориш пешниҳод намоянд.

Барчаспҳо:
саҳмия, давлатӣ, дастгирӣ, Тоҷик Эйр, ҳавопаймоӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ