Эълони шаҳрдорӣ: дар бархе кӯчаҳо мусофирбарҳои хурд манъ ва автобусҳо зиёд мешаванд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешПассажиры в маршрутке, архивное фото
Пассажиры в маршрутке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт дар бархе аз хатсайрҳои пойтахт ҳаракати мусофирбарҳои хурдро манъ ва шумораи автобусҳоро зиёд мекунад

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тибқи эълони шаҳрдорӣ, ки дар сомонаи расмияш нашр шудааст, аз 16 январи соли равон ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри №33 дар кӯчаи Неъмат Қарабоев манъ мегардад. Мусофирбарҳои рақами 33 дар хатсайри маҳаллаи Фучик -Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ ҳаракат мекунанд.

Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ шарҳ дод, ки чаро дар Тоҷикистон хатари фаромадани тарма пеш омадааст

Манбаъ афзуд, ки барои беҳтар кардани мусофирбарӣ шумораи автобусҳои рақамҳои 2, 18 ва троллейбусҳои  4, 12-ро зиёд мекунанд. Шаҳрдорӣ таъкид кард, ки фосилаи ҳаракати нақлиёт дар ин хатсайрҳо кам мешавад.  

Автобусҳои №2 дар масири терминали мусофирбарии Шарқ-транс - терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ,  автобусҳои №18 дар хатсайри кӯчаи Гагарин - маҳаллаи Пахтакор, троллейбусҳои №4 дар маҳаллаи Гулбутта – Фурудгоҳ ва №12 дар хатсайри Маркази савдои Тоҷикистон – маҳаллаи Гулбутта ҳаракат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0