03:10 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
В салоне нового троллейбуса

Дар Душанбе тройллебусҳои беноқил ба мусофиркашонӣ шурӯъ мекунанд

© Sputnik Амир Исаев
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Тройллебусҳо дар чаҳорчубаи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе” харидорӣ карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 16 янв - Sputnik. Дар Душанбе шурӯъ аз моҳи марти соли равон тройллебусҳои беноқиле, ки аз кишвари Беларус харидорӣ шудаанд ба хизматрасонии мусофирон мебароянд, хабар додааст дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе.

Чихеле, ки маълум шудааст дар роҳҳои Душанбе дар аввал барои санҷиш ҳамагӣ 4 тройллебуси беноқил ба кор шурӯъ мекунанд.

Троллейбусҳои истеҳсоли заводи “Белкоммунаш”-и Беларус метавонанд ҳам бо ёрии ноқилҳои барқӣ ва ҳам бе ёрии онҳо ҳаракат кунанд.

Бояд қайд кард, ки дар ҳолати набудани қувваи барқ дар ноқилҳо ин навъи тройллебусҳо метавонанд то 15 километр бо ёрии асбоби захиракунандаи нерӯ ва ё аккумулятор  ҳаракат кунанд.

Арзиши як тройллебус 250 ҳазор долларро ташкил мекунад.

Барчаспҳо:
шаҳрдор, троллейбусҳои нав, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ