23:05 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Тозакунии роҳ, акс бойгонӣ

Мақомот: роҳи Хоруғ – Душанбе кушода ва сӯи Ишкошиму Мурғоб баста мебошад

© Sputnik / Денис Абрамов
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дод, ки роҳи Хоруғ – Душанбе кушода шуда, роҳ сӯи навоҳии Ишкошим ва Мурғоб ҳанӯз баста мебошанд

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Идораи хоҷагии роҳҳои ВМКБ, феълан ҳаракати корвони мошинҳои мусофирбару боркаш дар масири Хоруғ – Душанбе аз ҳар ду тараф сурат гирифта истодааст.

“Айни ҳол дар ин масир роҳсозон ба васеъ кардани қисматҳои мушкилгузар аз тармаю барфтӯдаҳо ва кӯҳпораҳои афтида машғули кор мебошанд. Роҳҳои Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб банд буда, рӯзҳои наздик онҳо ҳам кушода хоҳанд шуд”, - иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” аз қавли Идораи роҳ.

Ба иттилои манбаъ 50 мошини пурборе, ки ба далели тангии роҳи рӯфташуда дар мавзеи Танги ноҳияи Шуғнон дармонда буданд, 20 январ ҳаракат сӯи Душанберо оғоз карданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе – Хоруғ дар пайи барфрезии шадид ва тармафароӣ қатъ шуда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ