02:21 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Министр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото

“Шоҳкорӣ” ё “афсона”? Тоҷикистон аз роҳи оҳани Чин – Эрон дил накандааст

© Фото: Мин.транспорта РТ
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
584 0 0

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи хатсайри роҳи оҳани “Ҷалолиддини Румӣ – Панҷи поён” - ро тасдиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik.  Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, 30 январ, зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, дар ин бора қарори ҳукумат ба тасвиб расид ва барои тахсиси 50 миллион доллар сармоягузории ин тарҳ ва ҳам як пул рӯи руди Ому ба ҷониби Афғонистон бо Бонки осиёии рушд ба музокира нишастаанд.

“Ҷалолиддини Румӣ – Панҷи поён” ҷузъе аз тарҳи роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон” аст, ки соли 2010 аз сӯи Эрон пешниҳод шуда буд. Моҳи декабри соли 2014 дар Душанбе кишварҳои узви тарҳ як созишнома ҳам ба имзо расонданд.

Тӯли кулли роҳи оҳан аз Чин тариқи Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон ба марзҳои Эрон ҳудуди 2 ҳазор километр буда, маблағи тарҳ – ҳудуди 3 миллиард доллар (ба ҳисоби соли 2014) пешбинӣ шудааст.

Масири он дар ҳудуди Тоҷикистон 580 км ҳисоб мешавад. Он аз Қарамиқи Қирғизистон ба Ҷиргатоли Тоҷикистон (қитъаи аз ҳама душворгузари тарҳ - 270 км) гузашта, тариқи навоҳии Файзобод, Ваҳдат, Ёвон, Румӣ ба Панҷи Поён – марзи Афғонистон мерасад. Дар ин масир сохтмони нақбҳо (16 км) ва пулҳо (47) дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, ин тарҳро як “шоҳкории нақлиётиву иқтисодӣ”, бархе ҳам “афсона” медиданд, зеро он аввалин роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки аз баландкӯҳҳо мегузарад.

Ва на танҳо ин. Ҳукумати Эрон соли 2010 ба Тоҷикистон ваъда супурд, ки барои омода кардани мутолаоти фанниву иқтисодӣ (ТЭО) – и тарҳ 1 миллион доллар кӯмаки билоиваз хоҳад кард. Миёни вазорати нақллиёти Тоҷикистон ва ширкати эронии “Митро” як санад имзо шуд. Онро Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонд. Ба қавли вазири нақлиёти Тоҷикистон, то ба ҳол кишвараш танҳо аз панҷ як қисми ин маблағ – 200 ҳазор долларро ба даст овардааст ва ширкати эронӣ, ки мебоист мутолаоти фанниву иқтисодии роҳи оҳан аз Панҷи Поён то шаҳри Роғунро анҷом медод, корашро қатъ кард.

Соли 2017 вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз таъхири корҳои тарҳ хабар дод. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон инчунин бидуни ироаи тафсилот дар бораи “бархе масоил” ва ихтилофи назарҳо миёни ғӯлҳои пружа - Эрон ва Чин гуфт.

Низоми роҳҳои оҳан, дақиқан, меъёрҳои фаннӣ ва маҳз арзи роҳи оҳан низ мушкилофар шуд. Арзи роҳҳои оҳани Тоҷикистону Қирғизистон 1520 миллиметр, аз рӯи меъёрҳои шӯравӣ, аммо дар Эрону Чин - 1435 мм аз рӯи меъёрҳои аврупоӣ сохта шудааст. Соли 2015 дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон кишварҳои узви тарҳ меъёри аврупоиро қабул карданд.

Аммо Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ сари ин тарҳ шак накардааст. Худоёр Худоёрзода мегӯяд, ҳайатҳои Тоҷикистон онро дар ҳар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ECO), ки Эрон дар қатори Туркияву Покистон яке аз асосгузоронаш аст, матраҳ мекунанд ва азбаски Чин узви созмони мазкур нест, тарҳро дар Кумиссиюни иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси ором (ESCAP) низ ба миён мегузоранд, то таваҷҷӯҳи бештар аз 50 узви онро низ ҷалб кунанд.

Вай афзуд, кишварҳо ба ин қарор омадаанд, ки ҳар кишвар мутолааи фанниву иқтисодии тарҳи қаламрави худро аз ҳисоби худ анҷом хоҳад дод.

Мавзӯъҳои асосӣ