Беш аз ҳазор мавриди нақзи қоидаҳои мусофиркашонӣ дар Душанбе дар як ҳафта

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешПосадка пассажиров в автобус, архивное фото
Посадка пассажиров в автобус, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар як ҳафта нисбати 745 ронандаи мусофиркаши умумӣ парвандаи маъмурӣ боз шуда, 311 тан ба ҷурми аз меъёр зиёд пур кардани автобусҳои шаҳр ҷарима шуданд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар тӯли як ҳафта дар Душанбе беш аз ҳазор мавриди нақзи қоидаҳои мусофиркашонии умумӣ сабт шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бино ба иттилои маркази матбуотии пулиси Душанбе, дар ин муддат нисбати 745 ронандаи таробарии умумӣ парвандаи маъмурӣ боз шуда, 311 тан ба ҷурми аз меъёр зиёд пур кардани автобусҳои шаҳр ҷарима шуданд.

Дар маҷмуъ, дар як ҳафта беш аз 3,2 ҳазор ҳолати нақзи қоидаҳои ҳаракати ҷоддаӣ сабт гардид.

Ҳамчунин кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ин муддат 7 тан ронандаи мастро боздошт карданд.

 

Лентаи хабарҳо
0