11:32 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Роҳрӯбӣ, акс аз бойгонӣ

IRS: роҳи Душанбе – Хуҷанд аз 2 тараф баста аст

© Sputnik / Денис Абрамов
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
505 0 0

Ширкати роҳбони IRS, ки масъули нигоҳдории роҳи Душанбе – Хуҷанд мебошад, аз мутаваққиф шудани ҳаракати нақлиёт дар ин масир хабар дод

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Тибқи эълони IRS, ки субҳи имрӯз дар саҳифаи интернетии ширкат нашр шуд, бинобар барфрезии шадид ва тармафароиҳои зиёд, бар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Ширкат таъкид кардааст, ки феълан барои бартарафсозии тармаҳо корҳо ҷараён доранд ва иловатан ба шаҳрвандон дар бораи вазъи роҳ иттилоъ ироа хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз, 1 март  дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноку борон ва дар бархе минтақаҳо барфрезию фаромадани меғ, ё худ туманро пешгӯӣ кард

Мавзӯъҳои асосӣ