20:17 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
ДТП на автодороге “Душанбе-Худжанд-Чанок”

Дар садамаи маргбори Самара шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд

© Филиал "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" в РТ
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Субҳи имрӯз – 1-уми мар,т дар ноҳияи Краснодари вилояти Самара садамаи мудҳише ба миён омад, ки дар ин воқеа шаҳрвандони Тоҷикистон низ осеб дидаанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Аз панҷ маҷруҳи садамаи маргбор  дар вилояти Самара ду нафар дар ҳолати вазнин, ва сеи дигар дар ҳолати миёна қарор доранд, иттилоъ дод РИА Новости бо истинод ба гуфтаҳои намояндаи Вазорати тандурустии Русия.

Субҳи рӯзи ҷумъа дар километри 2-юми роҳи атрофи ноҳияи Краснодари вилояти Самара, ду мошини сабукрав бо ҳам бархӯрданд. Ба маълумоти масъулин дар натиҷаи ин садамаи даҳшатнок се нафар ба ҳалокат расида панҷ нафар ба беморхона интиқол ёфтаанд. Миёни маҷруҳшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон мебошанд.

Дар саридораи давлатии Вазорати корҳои дохилаи Русия дар вилояти Самара тасдиқ кардаанд, ки ронандаи Lada Largus аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба автомашинаи боркаши тамғаи "DAF" бар хӯрдааст. Аз зарбаи Lada худрав ба Hyundai бар хӯрдааст.

“Панҷ маҷруҳи ин садама ба беморхонаи марказии ноҳияи Краснодар интиқол ёфтаанд. Вазъи се нафари онҳо миёна, аммо ду нафараш дар ҳолати вазнин арзёби шудаанд”, - гуфтааст намояндаи Вазорати тандурустӣ.

Инчунин вай илова кардааст, ки барои кумак аз беморхонаи вилоятии ба номи Середавин гуруҳи табибон омадаанд ва ба ҷабрдидагон ҳамаи кумакҳои лозима расонида мешаванд.

 

 

Барчаспҳо:
ҳалок, кумакпулӣ, беморхона, садамавӣ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ