IRS: роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ кушода шуд

© пресс-служба КЧС РТПроезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дирӯз ҳаракати нақлиёт аз Хуҷанд ба самти Душанбе таъмин шуда, субҳи имрӯз аз Душанбе ҷониби Хуҷанд роҳандозӣ гардид

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Чанд дақиқа пеш ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истиснои автомобилҳои ядакдор ва "Фура"-ҳо аз самти Хуҷанд ба Душанбе шурӯъ шуд, омадааст дар иттилоияи ширкати IRS.

Отдыхающие на машине в горах - Sputnik Тоҷикистон
IRS cубҳи 2 март эълон кард, ки роҳ аз 2 тараф баста аст

Ёдовар мешавем, ки аз субҳи имрӯз то ин вақт ҳаракати автомобилҳо аз Душанбе ба ҷониби Хуҷанд роиҷ буд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шурӯъ аз 1 марти соли равон бинобар зиёд будани тармафароӣ ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ боздошта шуда буд. Давоми ин рӯзҳо аз ҷониби кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” зиёда аз 85  тармаи хурду бузург бартараф гардиданд.

Нимаи дуюми дирӯз дар ин роҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истиснои мошинҳои ядакдор ва “Фура”-ҳо бо фосила аз як самт  имконпазир гардид. Барои мисол, дирӯз ҳаракати нақлиёт аз Хуҷанд ба самти Душанбе таъмин шуда, субҳи имрӯз аз Душанбе ҷониби Хуҷанд роҳандозӣ гардид.

Бино ба иттилои манбаъ, дар мавсими сармои имсола тадбирандешиҳо хеле зиёд буда, тибқи муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ситоди муштарак аз ҳисоби кормандони ширкат ва вазорати нақлиёт ва корҳои дохилӣ таъсис ёфтааст. Аъзои он тасмим мегиранд, ки дар сурати афзоиш ёфтани хатари тарма ё дигар омилҳо ҳаракати нақлиёт қатъ карда шавад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0