14:55 20 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Строительство нового здания парламента Таджикистана в Душанбе

 Оғози “монтажи” автомашинаҳои ширкати муштараки “ТАЛКО-КРАНТАС” дар Тоҷикистон

Amir Isaev
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
192 0 0

Дар корхонаи муштарак мошинҳои борбардор, ядакҳои трактор ва дигар намуди дастгоҳҳои махсус тавлид хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ширкати ТАЛКО-и Тоҷикистон ва “Крантас”-и Узбакистон нахустин худравҳои боркашро монтаж карданд, иттилоъ додааст  хабаргузории  ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи як манбаъ дар ширкати ТАЛКО, мутахассисони ду ширкат то ҳол монтажи нахустин 10 арода худрави боркашро анҷом доданд.
Гуфта мешавад, ки то поёни сол дар ширкати “ТАЛКО-КРАНТАС” беш аз 100 адад худрав монтаж хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли равон аз ҷониби ширкати “Крантас групп”-и Узбакистон ва корхонаи алюминийи тоҷик, “ТАЛКО” корхонаи нави тавлиди техникаи махсус “Талко-Крантас” ташкил гардид.

Дар корхонаи муштарак мошинҳои борбардор, ядакҳои трактор ва дигар намуди дастгоҳҳои махсус тавлид хоҳанд шуд. Муаррифии ин лоиҳаи ояндадор дар ҳузури роҳбарони ду давлат баргузор гардид.

Барчаспҳо:
корхона, ТАЛКО, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ