21:11 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Роҳтозакунӣ, акс аз бойгонӣ

IRS: монеаҳо дар роҳи Душанбе – Чаноқ бартараф шуданд

© Sputnik / Денис Абрамов
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
165 0 0

Ширкати IRS, ки ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ машғул аст, хабар дод, ки ҳаракати нақлиёт дар ин масир аз сар гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. IRS зуҳри имрӯз бо нашри як иттилоия гуфт, монеаҳои мавҷуда дар роҳи Душанбе – Чаноқ бартараф ва ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт имконпазир гардид.

Субҳи имрӯз ширкати мазкур ба далели тармафароӣ аз роҳбандӣ дар масири Душанбе – Чаноқ хабар дода буд.

“Субҳи имрӯз дар километрҳои 71, 89, 157 ва 159-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ тарма фаромад. Айни замон тармаҳо бартараф шуда, бинобар зиёд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд”, - эълон карда буд IRS.

Ширкат таъкид мекунад, ки ҳадафи роҳбандиҳо таъмини бехатарӣ мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран зимни баҳси қисматҳои осебпазири роҳи Душанбе – Чаноқ аз офатҳои табиӣ таъкид шуд, ки дар ин роҳ 24 долони зиддитармавӣ сохта шуда, барои таъмини бехатарии ҳаракат дар он бунёди 55 долони зиддитармавии дигар зарур мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ