05:37 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Авиакомпания Сомон Эйр и бразильский авиастроительный конгломерат Эмбраер провели презентацию новейшего самолёта нового поколения

"Сомон эйр" аз ширкати кореягӣ таҷҳизоти нав хоҳад харид

© Пресс-служба Авиакомпании "Сомон Эйр"
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
36410

Ин масъаларо намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкатҳои кореягӣ баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Санаи 27 марти соли 2019  дидори раҳбарияти ин ниҳод ва намояндагони ширкатҳои Корея баргузор шудааст. 

Дар ин бора равобити умумии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин дидор бо роҳбарии муовини вазири нақлиёт - Ганҷалзода Ш.Р ва иштироки муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Набизода Азиз ва намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” бо намояндагони ширкатҳои  «Korea-Сentral Asian Friendship Asociation, Global Korea Partners Co., Ltd» ва «Uriel soft Co.,Ltd» баргузор гардидааст.

"Дар доираи вохӯрӣ ҷониби кореягӣ оид ба кору фаъолияти ширкатҳои худ  вобаста ба соҳаи насби барномаҳои рақамӣ оид ба мусофирон ва махзани хизматрасониҳои бехатарӣ дар фурудгоҳҳо маълумоти мухтасар пешниҳод намуд",-омадааст дар хабарнома.

Қайд карда шуд, ки ширкати “Uriel soft Co.,Ltd” аз соли 2006 фаъолият намуда, таҷҳизотҳоро барои бақайдгирии мусофирон, бағоҷ ва борҳо дар фурудгоҳҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.

Пештар хабар дода шуд, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи табодули сайёҳии байналмилалии Корея Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ