17:08 24 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Ҳавопаймои  Fly Dubai, акс аз бойгонӣ

Шоҳинҳои шикорӣ дар дохили ҳавопаймои Душанбе – Дубай - видео

© Wikimedia/Faisal Akram
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
2649 0 0

Навори вуруди ду мард бо шоҳинҳои шикорӣ дар даст ба ҳавопаймои масири Душанбе – Имороти Муттаҳидаи Араб дар се рӯз беш аз 2 миллион тамошобин гирифтааст

ДУШАНБЕ, 3 апр - Sputnik. Навори мазкурро як сайёҳи мусофири ҳавопаймо дар саҳифаи “DonnieDoesWorld” нашр карда, онро аллакай давоми се рӯз беш аз 2 миллиону 250 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Дар пайи машҳур шудани ин навор дар “Twitter” расонаҳои арабӣ низ онро бознашр карда, таъкид намудаанд, ки шоҳинҳои шикорӣ мусофирони парвози мазкурро, ки ширкати “FlyDubai” анҷом додааст, дар ҳайрат гузоштааст.

Ин дар ҳолест, ки дар сомонаи ширкати “FlyDubai” дар бахши қавонини ҳамлу нақл зикр шудааст, ки мусофир метавонад бо худ дар саҳни ҳавопаймо бо бағоҷи дастӣ шоҳин дошта бошад, аммо ин кор бояд қаблан бо масъулини ширкат мувофиқа гардад.

Шоҳин, паррандаи нодир буда, миёни арабҳои сарватманд маҳбубияти зиёд дорад ва ҳангоми шикор истифода бурда мешавад.  Қаблан мақомот аз боздошти масъулини Тоҷикистон барои даст доштан дар қочоқи шоҳин ба ИМА хабар дода буданд. Ин парандаи нодир дар Имороти Муттаҳидаи Араб талаботи зиёд дошта, нархи он тибқи гузоришҳои нашршуда дар интернет метавонад то даҳҳо ҳазор доллар расад.

Мавзӯъҳои асосӣ