Ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” напарид

© © Пресс-служба авиакомпании Tajik AirАвиакомпания "Таджик Эйр" запустила ежедневные рейсы из Душанбе в Худжанд
Авиакомпания Таджик Эйр запустила ежедневные рейсы из Душанбе в Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати “Тоҷик Эйр”, ки қаблан эълон кард, аз 31-уми март фаъолияти мусофирбарияшро аз сар мегирад, феълан парвозеро анҷом надодааст

ДУШАНБЕ, 5 апр - Sputnik. “Тоҷик Эйр” натавонистааст, нақшаҳояш барои оғози парвозҳо дар масири Душанбе - Маскав аз 31-уми мартро амалӣ кунад, хабар додааст РИА Новости.

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раиси Ожонси ҳавонавардӣ: “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро аз сар мегирад

“Феълан мушкилоти муваққатӣ дорем ва корҳо барои оғози парвозҳо дар ин масир идома доранд”, - тавзеҳ додаанд дар ширкат.

Қаблан Икром Субҳонзода, мудири Ожонси ҳавонавардии Тоҷикистон гуфт, парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” рӯзи 31-уми март аз сар гирифта мешаванд ва нахустин парвозашро ба Маскав анҷом хоҳад дод

 “Пас аз мувофиқа бо дигар сохторҳои марбута парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар самти Душанбе –Москва барқарор карда мешаванд”, - изҳор дошта буд ӯ.

Парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Тоҷик Эйр” аз 3 январи соли равон бинобар вазъи молиявии  ширкат муваққатан қатъ гардида буд ва парвозҳои онро ширкати “Сомон Эйр” анҷом медод.

Масъулини “Тоҷик Эйр” изҳор дошта буданд, ки моҳи апрел марҳила ба марҳила парвозҳоро дар хатсайрҳо барқарор хоҳанд кард, аммо феълан чиптаҳои ширкат дар фурӯш низ нест.

Дильшод Исматуллозода  - Sputnik Тоҷикистон
Масраф камтар, даромад бештар: Раиси нави "Тоҷик Эйр" роҳҳои наҷоти ширкатро гуфт - Садо

Қаблан ҳавопаймоҳои “Тоҷик Эйр” дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Урумчӣ-Душанбе, Душанбе-Теҳрон-Душанбе, Душанбе-Алма-ато-Душанбе, Душанбе-Бишкек-Душанбе, Душанбе-Самарқанд-Душанбе, Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Сургут-Душанбе, Душанбе-Нижневартовск-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе ва Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳои мунтазамро анҷом медоданд.

“Тоҷик Эйр” тайёраҳои Boeing 737-300, Boeing 757-200, Boeing 767-300, Bombardier CRJ–200, Ан-28 ва чархболҳои Ми-8 МТВ-ро дар ихтиёр дорад.

Лентаи хабарҳо
0