22:18 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Фурудгоҳи Душанбе, акс аз бойгонӣ

Боздошти Холмуродов барои фурӯши даҳҳо чиптаи қалбакии ҳавопаймо - видео

© Sputnik / Амир Исаев
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
217110

Маъмурини милисаи фурудгоҳи Душанбе дар пайи ҳозир шудани даҳҳо шаҳрванд бо чиптаҳои қалбакии самти Русия фурӯшандаи муттаҳам ба қаллобиро муайян ва дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, бо иттиҳоми фурӯши чиптаҳои қалбакӣ Абумуталлӣ Холмуродов аз ҷониби маъмурини милисаи фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд.

Шахсияти муттаҳам баъди он муайян шудааст, ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо чиптаҳои самти Русия ба фурудгоҳ омадаанд, аммо ҳангоми қайд маълум шудааст, чиптаҳои онҳо тақаллубӣ мебошанд.

Ба иттилои ВУД, Холмуродов гарчанде соли гузашта барои қаллобӣ ба ҷазои ҷиноӣ дар шакли ҷарима маҳкум шудааст, боз ин амалашро такрор кардааст.

Пирмамад Эшмамадов, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, яке аз ҷабрдидаҳо мегӯяд, говашро бо нархи 2,5 ҳазор сомонӣ фурӯхта, бо 2 ҳазору 287 сомонӣ чипта харидааст, ки тақаллубӣ будааст.

ВУД мегӯяд, муайян шудааст, ки дар маҷмуъ ҳудуди 50 нафар аз Холмуродов бо арзиши беш аз 2 ҳазор сомонӣ чипта харидаанд. ВУД зарари расондаи Холмуродовро ба шаҳрвандон беш аз 100 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кард.

Манбаъ афзуд, ки феълан Холмуродов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ӯ идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ