06:22 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Вохӯрӣ бо Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қатар

Қатар барои Тоҷикистон халабонҳои баландихтисос омода мекунад

Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
13710

Ин масъаларо мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода бо вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қатар Ҷосим бин Сайф ал-Сулайтӣ баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Дар шаҳри Давҳа вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қатар Ҷосим бин Сайф ал-Сулайтӣ бо  мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода дидору мулоқот кардаанд.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат масъалаҳои муҳимми рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва нақши он дар таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ин дидор, имкониятҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ шудааст.

"Ҷониби Қатар гуфтааст, ки омода аст дар омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос  барои рушди соҳаи ҳавопаймоии мадании Тоҷикистон мусоидат намояд",-омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки Икром Субҳонзода барои иҷрои дастури раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қатар сафар кард. 

Музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар то 23 апрели 2019 идома хоҳад ёфт.

Мавзӯъҳои асосӣ