20:13 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Тозасозии роҳи Душанбе - Чаноқ

Ширкати IRS шабона роҳро баст

акс аз саҳифаи фейсбукии IRS
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Ширкати IRS шаби 27 ба 28-уми апрел ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиётро дар масири Душанбе – Чаноқ масдуд кард

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ширкати IRS шаби 27 – уми апрел эълон кард, ки бинобар бориши пуршиддати барфу борон ва зиёд гардидани хавфи фаромадани харсангҳо дар мувофиқа бо БДА-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд.

Ширкат муҳлати амали ин маҳдудиятро то соати  5 - и субҳи 28 апрел гуфт.

Маҳдудиятҳо дар ҳоле роҳандозӣ мешаванд, ки Тоҷикистонро борону барфрезии шадид фаро гирифтааст. Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳавои номусоид дар кишвар то охири апрел боқӣ хоҳад монд.

Дар ҳамин ҳол IRS таъкид кардааст, ки ҳадафи муваққатан боздоштани ҳаракати воситаҳои нақлиёт  - таъмини бехатарии ронандагону мусофирон мебошад.

Аммо бархе аз шаҳрвандон масъулини ин ширкати роҳбонро муттаҳам мекунанд, ки роҳро "сари вақт аз сангреза тоза намекунанд".

Мавзӯъҳои асосӣ