20:28 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Мошини газкаш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба дарё сарозер шуд

ВУД: ҳалокати 3 бародар дар натиҷаи сарозер шудани “Тайота-Прадо” ба ҷарии 100 метрӣ

саҳифаи интернетии ширкати IRS
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
44501

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарӣ чапа шудааст

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умумри дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати се бародар ҳангоми ба ҷарӣ сарозер шудани автомашина хабар додааст.

Манбаъ афзудааст, ки рӯзи 8-уми майи соли 2019, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”, Нозимов Музаффар Олимович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии ҷуқуриаш тахминан 80-100 метр афтида чапа шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда Нозимов М.О. ва мусофиронаш Нозимов Мирзоҳомид Олимович, соли таваллудаш 1964 ва Нозимов Нозим Олимович, соли таваллудаш 1962, сокинони ш.Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. 
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Ҷумаев Бежан Амриддинович, соли таваллудаш 1999, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ноболиғон Олимзода Фахриддин Нозимӣ, соли таваллудаш 2004 ва Нозимзода Осимҷон Музаффар, соли таваллудаш 2006, сокинони ш.Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. 
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

 

Барчаспҳо:
Душанбе-Чаноқ, Айнӣ, садама, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ