“Садқаи вазифааш кунад”: дастури барканории Қурбонзода аз мақоми раиси Хадамот

© сомонаи Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиётХуршед Қурбонзода, сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳангоми ҷаласа
Хуршед Қурбонзода,  сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳангоми ҷаласа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки Хуршед Қурбонзода аз мақоми сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барканор карда шавад

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дастури барканории Қурбонзода дар пайи нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи роҳҳо ва ҳаракати мошинҳои калонҳаҷм дар роҳҳои кишвар садо дод.

Lexus LS500h должен стать сильным конкурентом BMW 7-серии и Mercedes S-класс - Sputnik Тоҷикистон
Қасрҳо, 3-4 зан ва мошинҳои 80 ҳазорӣ – анъанаи мансабдорони фасодкор

“Ҳамин рӯз аз вазифа озодаш кунед. Садқаи вазифааш кунад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 май дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрук.

Раисиҷумҳур дар хитоб ба Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти кишвар ҳаракати мошинҳои то 80 тоннаро дар роҳҳои кишвар зикр карда, суол гузошт, ки ин чӣ гап аст худаш, барои чӣ Хадамот кардем?

“Умуман худат вазири нақлиёт, роҳи тарафи Бадахшон ҳанӯз аз истифода доданаш як сол нагузаштааст. Ҳамин мошинҳои калонҳаҷме,  ки худат меравӣ бо чашмонат мебинӣ, 80 тонна омада истодааст. Дар кадом давлати дунё ҳамин хел аст? 60 тон бор 20 тон вазни худаш. Ин чӣ гап?”, - таъкид кард Раҳмон дар хитоб ба Худоёрзода ва дастур дод, ки Хуршед Қурбонзода аз вазифаи сардори Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт барканор шавад.

Сотрудник таможенной службы Шахбоза Раджабзода отчитывается перед Эмомали Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон
Чаро аз номи фарзандони ман гап мезанӣ?!: Раҳмон гумрукчии дурӯғгӯйро шарманда кард- Видео

Қаблан барои ҳалли ин мушкил дар роҳҳои кишвар тарозуҳо насб карда шуданд, аммо бархе аз ҳолдонҳо мегӯянд, дар ин нуқтаҳо низ фасодкорӣ сурат мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2016 бо имзои қарори Ҳукумат, Қурбонзода Хуршед Ҳазратро сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда буд.

Қурбонзодаи 57-сола, зодаи ноҳияи Фархор фаъолияташро аз колхози “Калинин”-и ноҳияи мазкур оғоз карда, солҳои 2011-2016 мудири КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт” ва қабл аз он сардори раёсати Хадамот дар шаҳри Душанбе буд.

Лентаи хабарҳо
0