13:41 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Дорога в городе Душанбе, архивное фото

Роҳбандӣ дар Душанбе: кадом роҳҳо рӯзҳои 16-18 баста мешаванд?

© Sputnik / Стас Этвеш
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
109710

Бино бар сафари раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон дар Душанбе се рӯз роҳҳо баста мешаванд

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бино ба эълони ВКД, рӯзҳои 16-18-уми майи соли ҷорӣ, ба далели баргузории конференсияи сатҳи байналмилалӣазии шаҳри Душанбе баста мешаванд.

"Дар ин рӯзҳо эҳтимолияти маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаву хиёбонҳои М.Мастонгулов, А.Дониш, С.Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Теҳрон, Шероз, М.Турсунзода, У.Хайём ба роҳ монда мешавад",-омадааст дар эълон.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳо тартиботи муқарраршударо риоя намуда, тавассути кӯчаҳои Зебуниссо, Нисор Муҳаммад, Лоҳутӣ, Адҳамов, Ғаффор Валаматзода, Моёншо Назаршоев, Бухоро, Бохтар, Академик Раҷабовҳо ҳаракат намоянд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзҳои 16-17 майи соли 2019 дар  Душанбе Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ» баргузор мегардад.

Вазирону амирон ва 200 рӯзноманигори дунё фардо ба Душанбе меоянд

Чорабинии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ доир мегардад.

Интизор меравад, ки дар чорабинии мазкур вазирони корҳои хориҷӣ, роҳбарони мақомоти масъули мубориза бо таҳдиду чолишҳои амниятӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмию таҳқиқотӣ ва корпуси дипломатӣ иштирок кунад.

Дар маҷмӯъ, намояндагони 50 кишвар ва беш аз 27 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ дар он ҳамоиш ширкат хоҳанд намуд.

Мавзӯъҳои асосӣ