04:22 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Дорожный знак возле дороги Бишкек–Иссык-Куль, архивное фото

Садамаи маргбор: пахши пиёдагарди хурдсол аз ҷониби ронандае, ки ба қафо мошин мерондааст

© Sputnik Табылды Кадырбеков
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
226 0 0

Ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав пиёдагарди хурдсолро пахш намудааст, ки дар натиҷа писарчаи 2-сола ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз пахши як пиёдагарди хурдсол аз ҷониби ронандае, ки мошинро ба қафо мерондааст хабар додааст. 

Манбаъ афзудааст, ки рӯзи 16-уми майи соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Бобоалиев Сафаралӣ Абдулҳақович, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Хуҷии-боло ба самти ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ҳангоми ба қафо ҳаракат намудан пиёдагарди хурдсол, Қурбонов Салоҳиддин Алишерович, соли таваллудаш 2017, сокини деҳаи Бӯстони ноҳияи Шаҳринавро пахш намудааст. 

Дар натиҷа, хурдсол Қурбонов С.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Барчаспҳо:
пахш, ронанда, Шаҳринав, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ